Русия дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" корхонаи истеҳсоли доруворӣ месозад

Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" бо як ширкати русиягӣ, ки ба истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва шарбатҳои мевагӣ машғул аст, санади ҳамкорӣ имзо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Байни Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб", ширкати "Преноли" –и Русия ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Растани Инно" дар самти бунёди корхонаи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва шарбатҳои мевагӣ Ёддошти тафоҳуми сеҷониба оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Санади мазкур дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва муовини Вазири рушди иқтисоди Русия Волвач Дмитрий дар Душанбе ба имзо расонида шудааст.
Дар инбора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак баррасӣ гардид.
Ширкатҳои Русия дар МОИ-и Тоҷикистон корхона месозанд
Инчунин, намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Русия имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиётро муҳокима намуданд.
Аз ҷониби доираҳои бахши хусусии ҳар ду давлат лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ ва шаҳри ҳушманд муаррифӣ гардид.
Гуфта шуд, ки ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.