ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов истеъфо дод.
Дар ин бора ӯ дар барномаи "Баъд аз бозӣ"-и телевизиони "Варзиш" мустақиман хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ба тасмими Фузайлов нокомии даста дар мусобиқаҳои Ҷоми Осиё-2023 таъсир расонидааст.
Ҳамин тавр, аз рӯи натоиҷи вохӯриҳо тими миллӣ бозии аввалро бо Чин мусовӣ (1:1) анҷом дода, дар ду бозии дигар - бо Арабистони Саудӣ ва Австралия - бо ҳисобҳои 0:2 шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки тобистони соли 2022 Раҳматулло Фузайлов сармураббии тими миллии Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Ӯ дар ин мақом Зайниддин Раҳимовро, ки бо хоҳиши худаш барканор шуд, иваз намуда буд. Ёвараш Сафаралӣ Раҳмонов низ аз даста рафт.
Қаблан Раҳматулло Фузайлов бошгоҳҳои "Кӯктош" ва "Истаравшан"-ро раҳбарӣ карда, ҳамчунин ёвари мураббии дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20) ва олимпӣ (U-23)-и Тоҷикистонро ба уҳда дошт.