Мақомот аз рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон хабар дод

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии иқтисоди кишвар устуворанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ахиран дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода Ашурбой ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ дар бораи ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа қайд гардид, ки новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид.
Ба иттилоии вазорати рушди иқтисоди кишвар дар панҷ моҳи соли 2023 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 41 млрд. сомониро ташкил дод ва рушди воқеии он 8,2 фоиз гуфта мешавад. .
Инчунин, ба иттилои ин ниҳод дар доираи ҷаласаи мазкур мавзӯи “Кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷоринамоии низоми биллингӣ” баррасӣ гардида.
БРАО: Тоҷикистон яке аз пешсафон дар рушди иқтисод аст
Дар ҷаласа гузориши муовини вазири энергетика ва захираҳои об Сафарзода Манучеҳр шунида шуд.
Вай зимни ироаи гузоришаш таъкид кард, ки бо мақсади кам кардани талафоти нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ айни замон 6 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағӣ 279,1 млн. доллар амалӣ гардида истодааст..