Дар Бохтар барои 460 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар хобгоҳ месозанд

Мақомоти Хатлон хабар додааст, ки барои донишҷӯён дар бинои нави бунёдёфтаистодаи хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар тамоми шароит муҳайё карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар минтақаи Дӯстии халқҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ба бунёди бинои хобгоҳи нав барои донишҷӯёни ин мактаби олӣ санги асос гузошта шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, бинои нави хобгоҳ, ки бояд сохта шавад, аз ҳафт ошёна иборат хоҳад буд ва барои 460 нафар пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, қайд карда шудааст, ки фармоишгари иншоот Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва пудратчӣ ҶДММ "Шайхҳусейн" мебошад.
Дар бунёди бинои хобгоҳи нави дониҷӯён шароити мусоиди зист баинобат гирифта шуда, бо ду лифти замонавӣ таъмин када мешавад.
Дар Ярмаркаи "Суғд-2023" 25 ширкату корхонаҳои Хатлон иштирок хоҳанд кард
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Амонулло Салимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон гуфта буд, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохтмони 6 ҳазору 260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Ӯ афзуд, ки дар соли сипаришуда бо харҷи бештар аз 156 миллион сомонӣ 2 ҳазору 969 километр роҳи мошингард таъмир шудааст.
Ба таъкиди вай, зиёда аз 230 километр роҳ таъмири асосӣ ва боқимонда роҳҳо таъмиру сангфарш шудаанд.
Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорон бо харҷи зиёда аз 127 миллион сомонӣ қубурҳои фарсуда иваз шуда, пул ва роҳҳои мошингард таъмир карда шудаанд.