Вазорати корҳои дохилии Русия омори будубоши муҳоҷирон дар ин кишварро ошкор кард

Зимни конфронс омори будубоши муҳоҷирон дар Русия: теъдоди ба қайд гирифташуда ва ғайриқонунӣ ва омори ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар маҷмӯъ, дар Русия 6,6 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебаранд.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Евгений Владимирович Кушлейко изҳор дошт.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин чорабинӣ, ки дар Палатаи ҷамъиятии кишвар ва ба мушкилоти мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон бахшида шудааст, ширкат дошт.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, дар 5 моҳи аввали соли 2023 5,17 миллион шаҳрванди хориҷӣ вориди кишвар ва 3,7 миллион нафар хориҷ шудаанд.
"Айни замон дар Русия 0,4% муҳоҷирони ғайриқонунии сабтиномнашуда ҳастанд, аммо мо ба зудӣ онҳоро пайдо хоҳем кард",- гуфт Кушлейко.
Ҳамин тавр, дар соли 2022 55 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуданд, ки барои будубош дар Русия асос надоштанд, гуфт иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори Сарраёсати муҳоҷират.
Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 1500 муҳоҷири ғайриқонунӣ низ аз ҷониби марзбонон боздошт шудаанд.
Илова бар ин, Евгений Кушлейко омори ҷиноятҳои содиркардаи хориҷиён аз Осиёи Марказӣ дар Русияро ошкор кард.
Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо Ҳуснуллин чиро баррасӣ кард
"Дар семоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ беш аз 11,7 ҳазор ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 11% зиёд аст", - гуфт ӯ.
Қаблан дар Русия даъват карда буданд, ки ба кӯдакони муҳоҷир забони русиро ройгон омӯзанд.
Валерий Фадеев, раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Федератсияи Русия низ бори дигар пешниҳод кард, ки дар бораи ҷорӣ кардани квота барои муҳоҷирон дар мактабҳо андеша карда шавад, зеро ба гуфтаи омӯзгорон, агар дар синф зиёда аз 20% хориsиён бошанд, раванди таълим осеб мебинад.