ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, дар сайёра вазъе ба вуҷуд омадааст, ки бофтаи замони сулҳ дар ҳоли шикастан аст.
Дар ин бора дар паёме, ки вебсайти сарвари давлати Беларус ба муносибати Рӯзи хотираи миллии қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва наслкушии мардуми белорус нашр кардааст, гуфта мешавад.
"Пас аз даҳсолаҳои зиндагии шукуфон дар сайёра боз вазъе ба миён омад, ки бофтаи замони сулҳ дар ҳоли шикастан аст. Боз як иқдоми нодурусти сиёсатмадорони ғараздори ғарбӣ метавонад барои аксари инсоният охирин қадам бошад", - гуфта мешавад
Вай таъкид кард, ки "мардуми беларус бо дидани даҳшатҳои ҷанг ва баҳои пирӯзӣ ҳақиқати таърихиро ҳифз карда, соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллатро ба хотири сулҳ дар зодгоҳи худ мустаҳкам мекунад".
"Имруз тамоми Беларус воқеаҳои фоҷиавии 22 июни соли 1941-ро ба хотир меорад. Субҳи барвақти ҷанг хоинон ба хонаи мо ҳуҷум карда, тақдирҳо, оилаҳо, шаҳру деҳаҳоро бераҳмона хароб карданд. Давоми зиёда аз се сол сарзамини Беларус аз ваҳшигариҳои фашистон айнан нола кард. Дар оташи харобиовари ҷанг ҳар сеяк сокини мамлакат кушта шуд", — ба хотир овард Лукашенко.
Вай таъкид кард, ки бераҳмии ғайриинсонӣ иродаи халқи беларусро шикаста натавонист.
"Ҳимояи Ватан тамоми мардуми осоиштаи ҷумҳуриро дар муқовимати умумӣ ба фашизм муттаҳид кард. Бобою бобокалонҳои мо мавриди шиканҷа ва даҳшат қарор гирифтанд, вале шаъну шарафи худро нигоҳ доштанд", - афзуд Лукашенко.