Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон то рӯзи 25 июни соли ҷорӣ дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво гарму хушк боқӣ мемонад.
Дар водиҳои вилояти Хатлон дамои ҳаво то то 44 дараҷа боло хоҳад рафт, дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 41 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ то ба то 37 дараҷа хоҳад расид.
Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз ҷануб ба ғарб бо суръати то 15-20 м/с хоҳад вазид, рӯзҳои 23-25 июн дар навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш дар назар дошта шудааст.
Кумитаи ҳаолаҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки касони гирифтори бемориҳои дил, диабети қанд ва гипертония бештар таваҷҷуҳ кунанд.
Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.