Афзоиши таваҷҷӯҳ ба забону фарҳанги порсӣ дар Русия

Дипломатҳои эронӣ муътақиданд, ки равобити эътимодбахши раҳбарони кишварҳо ва шаҳрвандони одӣ натиҷаҳои мутақобилан судманд додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар Русия ба фарҳанг ва санъати Эрон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад.
Дар ин бора муовини раиси намояндагии фарҳангии сафорати ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия Зуҳро Ҳамдиё изҳор дошт.

"Имрӯз аҳолии Федератсияи Русия ба мероси фарҳангӣ ва таърихии Эрон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Шумораи афроде, ки мехоҳанд забони форсиро ёд гиранд, ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст", - афзудааст вай.

Ба ақидаи ӯ, чунин густариши робитаҳо натиҷаи муносибатҳои эътимодбахши раҳбарони кишварҳо ва ҳам робитаҳои шахсии шаҳрвандон буд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург ба Теҳрон, пойтахти Эрон парвозҳои мустақим оғоз кардааст.
Решетников: Таваҷҷуҳи сайёҳони Эрон ва Русия ба сафарҳои мутақобила афзоиш ёфтааст
Ба гуфтаи Арбӣ Абубакров, муъовини раиси Кумитаи равобити хориҷии пойтахти шимолии Русия, имрӯз бо қаноатмандӣ қайд кардан мумкин аст, ки Эрон ба ҳар маъно наздиктар мешавад.
"Парвози доимии мустақим далели ниятҳои дуҷониба барои мулоқоти бештар, густариши фаъоли равобити тиҷорӣ бо шарикони эронӣ, сафар кардан, омӯхтани фарҳанги шаҳрҳои мо ва боз кардани як макони нав барои фароғат аст", - гуфт ӯ.