ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ҳамлаи ҷавобии Қувваҳои мусаллаҳи Украина ба поён расид, дар фронт оромӣ ҳукмфармост, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Аҷаб аст, ки мо оромии муайянеро мушоҳида мекунем. Ин ба он далел аст, ки душман ҳам аз ҳисоби ҳайати шахсӣ ва ҳам аз ҷиҳати техника талафоти ҷиддӣ медиҳад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи кишвардор, дар ҳоли ҳозир нерӯҳои украинӣ бо муттаҳид кардани бригадаҳо ва воҳидҳои нав, ки талафот дидаанд, банд буда, барои барқарор кардани қобилияти ҷангӣ талош доранд.
"Баъзе унсурҳои амалиёти ҷангӣ, албатта, сурат мегиранд - тирандозӣ, ҷосусӣ дар амал. То ҳол амалиёти фаъоли ҳамла анҷом нашудааст", - гуфт Путин.
Вай афзуд, таҷҳизоти низомие, ки кишварҳои ғарбӣ ба Украина интиқол медиҳанд, аз ҷониби артиши Русия мунтазам нобуд карда мешаванд.
Тибқи ҳисобҳои президент, ҷангиёни Қувваҳои мусаллаҳи Русия аз оғози ҳамлаи ҷавобӣ 245 танки душман ва тақрибан 678 мошини зиреҳпӯши навъҳои гуногунро нобуд кардаанд.
"Албатта, дар онҷо "Леопардҳо" ҳастанд, зиреҳпӯшҳои чархдори фаронсавӣ, зиреҳпӯшҳои амрикоӣ, ҳама чиз ҳаст. Онҳо ҳоло даруни оташанд", - қайд кард Путин.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои дигари амалиёт демилитаризатсия ва денатсификатсияи Украина мебошанд.