ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Сарпарасти вазорати умӯри муҳоҷирин ва удваткунандагони ҳукумати толибҳо Халилулраҳмон Ҳаққонӣ ахиран гуфт, ки бештарини муҳоҷирин дар ҷаҳон паноҳндагон афғон ҳастанд, иттилоъ додааст “Радиои дарӣ".
Вай дар маҳфили гиромидошти аз Рӯзи ҷаҳонии "муҳоҷир" аз Созмони Милали Муттаҳиди хост, ки дар ростои таъмини ҳуқуқи аввалияи муҳоҷирини афғонистонӣ дар кишварҳои мухталиф бо ҳукумати феълии Афғонистон ҳамкорӣ кунад.
Вай ҳадаф аз гиромидошт аз ин рӯзро расидагӣ ба мушкилот ва чолишҳои муҳоҷирини хонд.
“Дар ин росто кишварҳои муҳоҷирпазир масъулият доранд, ки мутобиқ бо қавонини байналмилалӣ ва конвенсияи Женева бо муҳоҷирини бархурди нек кунанд", - гуфт оқои Ҳаққонӣ.
Вай бо баёни ин ки заминаи бозгашти муҳоҷирини афғонистонӣ ба кишвар фароҳамаст афзуд, ки дар як соли гузашта ба далели таъмини амният беш аз 2 миллион муҳоҷир дубора ба Афғонистон бозгаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз ба сари қудрат омадани толибҳо садҳо ҳазор шаҳрвандони Афғонистон аз кишварашон фирор карданд. Аксари муҳоҷирини Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя кӯч бастанд. Нафароне, ки бо кишварҳои ғарб ҳамкорӣ мекарданд, ба кишварҳои Ғарб фирор карданд.