Давлаталӣ Саид вазифаи нав гирифт

Раиси вилояти Хатлон ба интихобкунандагон миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки дар таҳкими қонунгузории кишвар баҳри шукуфоии Тоҷикистони саҳмгузор хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Давлаталӣ Саид зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Бохтар интихоб шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси Хатлон.
Интихобот ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ аз вилояти Хатлон №3 баргузор шуд.
Раиси комиссияи ҳавзавии интихобот Шавкат Маҳмадализода зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд кардааст, ки ба рӯйхати вакилони интихобкунанда оид ба интихоби узви Маҷлиси миллӣ 934 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ворид гардида, аз ин ҳисоб дар ҷарасаи имрӯза 858 вакил ҳузур доранд.
Интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Пас аз ин вакилон дар интихобот мавқеи худро муайян намуданд ва Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб карда, интихоботро баргузоршуда эълон намуд.
Тибқи иттилои Шавкат Маҳмадализода номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Давлаталӣ Саид шумораи лозимии овозҳоро вакилони интихобкунандаро гирифта, узви Маҷлиси миллӣ интихобшуда эътироф мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи мазкур Қурбон Ҳакимзода, собиқ раиси вилояти Хатлон буд, ки ахиран барканор шуд.
Хатлон номзад ба узвият дар Маҷлиси миллиро пешниҳод мекунад
Ҳакимзода, ки дар палатаи болоии парлумон роҳбарии Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияро ба уҳда дошт, бо фармони раисҷумҳур вазири кишоварзӣ таъйин гардид.
Ҷойи Ҳакимзодаро дар мақомоти иҷроияи Хатлон ва маҷлиси вакилони вилоят Давлаталӣ Саид гирифт. Ва инак Давлаталӣ Саид дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ Қурбон Ҳакимзодаро иваз намуд.