Раҷаббой Аҳмадзода ба таъмири роҳҳои Хуҷанд оғоз бахшид

Раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки дарозии роҳи таъмирталаб беш аз 1 км ва масоҳати он 3,6 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгар мақомоти Хуҷанд мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъмири роҳҳои Хуҷанд оғоз гардид.
Дар ин бора, аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки кӯчаҳои Солеҳ, Зариф Раҷабов ва Шариф Раҷабов дар ҳоли таъмир қарор доранд.
Зимни оғози таъмири роҳ, Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки барқарорсозии сатҳи роҳ дар саросари Тоҷикистон як раванди хуб буда, барои шаҳрвандон шароити мусоиди зист дар ҷумҳурӣ фароҳам овардан зарур аст.
План мощения улиц Худжанда
Раис инчунин таъкид кард, ки дарозии роҳи таъмирталаб беш аз 1 км ва масоҳати он 3,6 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Фармоишгари ин тарҳ мақомоти Хуҷанд буда ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳр мебошад.
Роҳҳои Мастчоҳ ҳамвор мешавад: Аҳмадзода бел дар даст ба таъмир оғоз бахшид
Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2023 дар Хуҷанд 8 км роҳ мумфарш карда шуд. Дар назар аст, ки дар натиҷа беш аз 22 км роҳи мошингард таъмир карда шавад.