Сафорат: Се шаҳрванди ноболиғи тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуд

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълон кард, ки се шаҳрванди ноболиғе, ки дар Русия бепарастор монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи кишвар аз Русия ба Ватан хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ахиран бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия 3 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия бепарастор монда буданд, ба Ватан фиристода шуданд.
Инчунин, сафорати хабар додааст, ки аз аввали сол то имрӯз 9 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ба Ватан баргардонида (репатриация) шуданд.
Сафорати кишвар қаблан хабар дода буд, ки барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳҳои Русия қарор доранд талош дорад.
104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
Чанд пеш бо дастуру супориши, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли равон гурӯҳи дуюми занон, наврасон ва тифлони хурдсол тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуда буданд.
Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.