ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ мумфаршкунии роҳи Бӯстон-Азизобод, ҳудуди деҳоти Оббурдон оғоз шуд.
Таъмири роҳ бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки худ бел ба даст гирифт оғоз гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Роҳи Бӯстон-Азизобод яке аз роҳҳои асосӣ ба шумор рафта, маркази ноҳияро бо се ҷамоат мепайвандад.
Корҳои мумфаршкуниро мутахассисони ҶДММ "Ваҳдат 2018" ба ӯҳда дошта, техникаҳои зарурӣ ҷалб гардидааст.
Гуфта мешавад, ки раиси вилоят ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.
Ӯ зимни суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид кардааст, ки бо дастгириҳои президент, ноҳияи Мастчоҳ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардида, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорон даҳҳо иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ширкати Innovative Road Solutions низ ба таъмири асосии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ шурӯъ кард.
Ва дар робита ба ин, дар давраи аз 1 июн то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардида аст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда шудааст.