ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон барои 200 нафар кӯдаки ятим то таҷлили 35 солагии истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби соҳибкори маҳуллӣ истироҳатгоҳи тобистона бунёд мешавад.
Бо тарҳи он Эмомалӣ Раҳмон шинос гардид, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон ҳузур дорад ва барои бунёди иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои муфид додааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳур.
Зимни муаррифӣ гуфта шудааст, ки иншооти мазкур дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг бунёд ёфта, аз 3 ошёна иборат хоҳад буд, ки дар он 23 утоқ ҷой дода мешавад.
Ҷойи хоби духтарон дар алоҳидагӣ ва аз писарон дар алоҳидагӣ бунёд хоҳад гашт.
Лоиҳаи истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ховалинг
© Мақомоти вилояти Хатлон
Ҳамчунин тибқи нақша дар истироҳатгоҳи мазкур синфхонаҳои омӯзиши касбу ҳунари духтаронаву писарона ташкил гардида, дар идомаи истироҳат кӯдакону наврасон ба машғулияти касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Дарсҳои омӯзиши малакаи рассомӣ низ дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад.
Дар назар аст, ки дар дохили истироҳатгоҳи мазкур толори тамошои синамо, толор барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ошхона барои истироҳаткунандагон бунёд гардида, роҳравҳои барҳавову зебо низ сохта ба истифода дода шавад.
Дар дохили бино ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ, утоқи алоҳидаи муррабиён, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ ҷой дода мешавад ва ҳамчунин истироҳаткунандагон метавонанд аз фаъолияти китобхонаи барҳаво низ ҳангоми истироҳат истифода баранд.
Намои берунаи иншоот низ бо дизайни зебову замонавӣ бунёд гардида, дар саҳни истироҳатгоҳ ҳавз барои оббозӣ, суҳбаткадаҳо, майдони хурди варзишӣ ва як майдони замонавӣ барои бозиҳои футбол ҷой дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки президент Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати ахир ба масъулин супориш дод, ки амнияту бехатарии кӯдаконро зимни таътили тобистона дар истироҳатгоҳҳо таъмин намоянд.