Ҳуснуллин: дар бозори Тоҷикистон беш аз 300 ширкати русӣ фаъолият доранд

Муовини сарвазири Русия гуфт, мубодилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 13% афзуда, тамоюли устувори болоравиро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 130 млрд рублро ташкил додааст.
Дар ин бора Марат Ҳуснуллин, муовини нахуствазири ҳукумати Русия дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар бозори ҷумҳурӣ беш аз 300 ширкат бо корхонаҳои Русия фаъолият мекунанд.
"Мо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ самимона манфиатдорем", - таъкид кард муовини сарвазир.
Илова бар ин, гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 13% афзоиш ёфта, тамоюли устувори болоравӣ дорад.
“Федератсияи Русия дар соҳаи иқтисод яке аз шарикони пешрафтаи тиҷоратии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, гардиши мол дар як сол беш аз 18 % афзуд, аз аввали соли ҷорӣ аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввал 13 % афзуд ва фикр мекунам, ки он низ тамоюли устувори болоравиро дорад", - гуфт ӯ.
Зимнан, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қайд кард, ки самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва маориф мебошанд.
Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо Ҳуснуллин чиро баррасӣ кард
"Мо шодем, ки ақидаҳои мо асосан ба ҳам мувофиқанд, мо дар ин рӯзҳо кор мекунем, гурӯҳҳои мо кор мекунанд ва аллакай натиҷаҳои амалӣ мавҷуданд", - гуфт ӯ.
Рӯзи сешанбе дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад.
Муовини нахуствазири Русия рӯзи 19 июн вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.