Дар Шаҳритӯс пойгоҳи инноватсионии мониторинги иқлим ба кор даромад

Ин истгоҳ бахше аз як системаи воҳид бо 9 узели дигари тадқиқоти атмосфера аст, ки дар ҳудудҳои Чин ва Пешовари Покистон воқеъ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарони Донишгоҳи Ланҷоуи Чин як маркази мониторинги иқлим ба кор даромад.
Дар ин ҷо олимон дар бораи ҳолати ҳавои Осиёи Миёна, дараҷа ва характери бо моддаҳои гуногун ифлос шудани он маълумот ҷамъ мекунанд.
Ҳамзамон дар ин макон ҳарорат ва намии ҳаворо низ чен мекунанд ва эҳтимолияти ба амал омадани туфонҳои регро пешгӯӣ мекунанд.
Тавре агентии "Синхуа" иттилоъ медиҳад, истгоҳ бахше аз як системаи воҳид бо 9 узели дигари тадқиқоти атмосфера аст, ки дар ҳудудҳои Чин ва Пешовари Покистон воқеъ мебошад.
Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон ҳамкорӣ мекунанд
Якҷоя онҳо системаи ҳамгирошудаи мониторинги обу ҳаворо ташкил медиҳанд, ки ба пешгирии офатҳои метеорологӣ дар минтақа мусоидат мекунад.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати Русия тарҳи созишномаи ҳамкорӣ дар кайҳон бо Тоҷикистонро тасвиб кардааст.
Лоиҳа ба шарикӣ дар соҳаи тадқиқ ва истифодаи фазои кайҳон ба мақсадҳои осоишта дахл дорад.