Имзои се санади нави ҳамкорӣ бо Русия: Муҳриддин ва Лавров дар бораи чӣ созиш карданд?

Тоҷикистону Русия дар Маскав масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ додааст вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот вазири хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо дар бораи ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса доданд.
Таъкид шудааст, ки вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ дар бораи ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду кишвар, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Лавров гуфт, ҳеҷ кас наметавонад миёни Русия ва Тоҷикистон фосила эҷод кунад
Ҳамзамон Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки вз натиҷаи мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров санадҳои зерин ба имзо расид:
Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ.
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сергей Лавров дар авоили моҳи июн ба Тоҷикистон сафар дошт.
Вай дар ин сафараш бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин, дидору гуфтугӯ дошта, ҷонибҳо вазъи Афғонистон, рушди равобити дуҷониба ва кумаки Русия дар таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.