Эрон ҳамкориҳоро бо Осиёи Марказӣ амиқтар мекунад

Мулоқот дар Теҳрон бо маросими имзои қарордод, тавофуқ ва ёддоштҳо миёни сарони Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Раисони ҷумҳурии Эрон ва Ӯзбекистон Иброҳим Раисӣ ва Шавкат Мирзиёев дар мавриди ҳамкориҳои ин кишварҳо дар бахшҳои мухталиф ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора хабаргузории Эрон Tasnim хабар додааст.
Дар ҷараёни сафари расмии Мирзиёев ба Теҳрон музокироти сарони давлатҳо сурат гирифт.
"Дар ин маросим баёнияи муштарак ва 10 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф миёни Эрон ва Ӯзбекистон ба имзо расид", - навиштааст Tasnim.
Қайд карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳо ба соҳаҳои шарикӣ, аз қабили тиҷорат, нақлиёт, транзит, суғурта, технологияҳои инноватсионӣ ва кишоварзӣ дахл доранд.
Дар ҳуҷҷатҳои имзошуда ҳамчунин бандҳо дар бораи эҳтимоли таъсиси минтақаҳои озоди тиҷоратии муштарак мавҷуданд.
Эрон маркази газӣ месозад
Илова бар ин, ҷонибҳо 2 ёддошти ҳусни тафоҳум дар соҳаи ҳамлу нақли роҳи оҳан ва дорусозӣ ва ҳамчунин созишнома дар бораи табодули зиндониёнро имзо карданд.
Қаблан Ҷавод Оудҷӣ, вазири нафти Эрон, дар бораи тарҳи таъсиси як маркази газ бо ширкати Русия, Туркманистон ва Қатар сухан гуфт.
Гуфта мешавад, ки гиреҳ дар минтақаи саноатии Ассалуе, воқеъ дар музофоти Бушеҳр дар соҳили шимолии Халиҷи Форс бунёд мешавад.