Дар Чин аз "пасттарин нуқта"-и равобит бо Вашингтон гуфтанд

Дипломати чинӣ аз Вашингтон талаб кард, ки ба андешаи оқилона ва объективии Чин гӯш диҳад ва бо ҳолатҳои ғайричашмдошт оқилона мубориза барад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Муносибатҳои Чину ИМА дар таърих ба пасттарин нуқтаи худ расид, гуфт вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Тсин Ган.
Суханони дипломати чиноиро Телевизиони марказии ҷумҳурӣ истинод мекунад.
"Дар ҳоли ҳозир равобити Чину Амрико дар поинтарин нуқтаи худ аз замони барқарории равобити дипломатӣ қарор дорад, ки ин ба манофеъи куллии мардуми ду кишвар ва ормонҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ мувофиқат намекунад", - гуфтааст ӯ.
Ба таъкиди дипломат, Чин саъй дорад, бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкориҳои устувор, пешгӯишаванда ва созанда эҷод кунад.
Тсин Ганг изҳори умедворӣ кард, ки ИМА ба андешаи оқилона ва объективии Чин гӯш хоҳад дод ва бо ҳолатҳои ғайричашмдошт оқилона мубориза мебарад.
ВАО: Чин пешниҳоди ИМА дар бораи мулоқоти вазирони дифоъро рад кард
Қаблан мақомоти Эрон хабарҳо дар бораи наздик шудани Теҳрон ва Вашингтон ба як тавофуқи муваққатӣ ба ҷои Нақшаи фарогири амалиёти муштарак (БАРҶОМ ё созиши ҳастаӣ)-ро рад карданд.
Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи кишвар гуфт, мо танҳо гузинаи баргардонидани ҳама ҷонибҳои БАРҶОМ-ро баррасӣ мекунем.