Ояндаи дурахшон барои мавзуи забони форсӣ дар донишгоҳҳои Русия вуҷуд дорад

Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳҳи давлатии Маскав аз афзоиши алоқа ба мавзуи Эрону мутолиаи забони форсӣ дар солҳои ахир хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав Алексей Маслов дар ҳошияи форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар бораи афзоиши алоқа ба мавзуи Эрону мутолиаи забони форсӣ дар солҳои ахирсхн гуфт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай гуфт, қатъан алоқа ба Эрону забони форсӣ дар се соли гузаштаи рушд чашмгире доштааст.
“Муҳимтар аз ҳама моҳияти алоқа низ тағйир кардааст. Албата қаблан алоқае ба таърихи Эрон ё масалан ба адабиёти форсӣ вуҷӯд дошт, ки ба қути худ боқӣ аст, аммо имрӯзаи алоқа ба тиҷорат бо Эрон дар давраҳои коромузӣ афзоиш ёфтааст”, - гуфт ӯ.
Ҳаддоди Одил: Ду миллат Тоҷикистону Афғонистон посдори забони форсӣ ҳастанд
Вай ба унвон мисол гуфт, мо ҳар сол конгрессҳои вижае ба ном “аз Маскав то Теҳрон” барои донишҷӯёни русу Эронӣ баргузор мекунем.
“Хелеҳо мехоҳанд бо Эрон кор кунанд ё дар Эрон кор кунанд. Бинобар ин фикр мекунам мавзуи Эрон дар байни донишгоҳҳои Русия оянда бузурге дорад", -таъкид кард оқои Маслов.
Раиси Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ҳамчунин гуфт, ки дар соли ҷорӣ Институт теъдоди зарфияти давлатиро афзоиш медиҳад, ба вижаи гурӯҳҳои омузиши форсӣ, дарӣ ва паштӯ густариш меёбад.
“Имсол мо теъдоди донишҷӯён бо буҷетро ба таври куллӣ дар ҷиҳати Эрон ба таври хос афзоиш хоҳем дод. Мо омодагӣ дорем, ки гурӯҳҳоро ба 12 ва 15 нафари афзоиши диҳем, умдатан ба забонҳои форсӣ, дарӣ ва пашту, зеро ба таври куллӣ тақозои зиёдӣ барои ин амр мебинем", - гуфт оқои Маслов.