Мақомот аз афзоиши кишти ғалла дар Кӯлоб хабар дод

Кишоварзони шаҳри Кӯлоб соли равон дар масоҳати 2704 гектар гандум кишт намудаанд, ки то имрӯз дар майдони 500 гектари он маъракаи дарав анҷом ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Аз заминҳои обӣ то 50 ва аз ҳудуди заминҳои лалмӣ 25 то 30 сентнер ғалла бояд ҷамъоварӣ карда шавад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба Раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб.
Тибқи иттилои манбаъ омори мазкур аз мушоҳидаи ҳосили дар саҳробуда бармеояд.
Таъкид шудааст, ки истифодаи самараноку ба роҳ мондани кишти дубора, ки ҳадафи асосии кишоварзони мамлакат қарор гирифтааст, вобаста ба дурнамо пас аз анҷоми дарав маҷмуан дар майдони 2945 гектар бояд кишти такрории сабзавоту полезӣ гузаронида шавад, аз ин теъдод масоҳати 1215 гектар ба аҳолӣ рост меояд.
Дар бештари мавзеъ хоҷагидорон аллакай ба шинонидани тухми маҳсулоти кишоварзӣ шуруъ кардаанд. Аз ҷумла, деҳқонони хоҷагии деҳқонии "Хуршеди Ҷамшед" дар масоҳати 2,5 гектар замин кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ монда, дар қитъаҳое, ки аз он ҳосили якум ҷамъоварӣ шудааст, кишти такрорӣ гузаронида истодаанд.
Парлумон татбиқи лоиҳаи нави кишоварзӣ ба маблағи 100 млн. долларро тасдиқ кард
Хоҷагидорони "Хуршеди Ҷамшед" масоҳати 15 сотихе, ки дар он нимаи дуюми моҳи феврал картошка шинонида буданд, ба миқдори якуним тонна ҳосили хушсифат ҷамъоварӣ намуданд. Онҳо қисме аз маҳсулотро ба фурўш гузошта, миқдори заруриро барои таъмини оила захира намуданд ва дар ҷои он тухми ҷуворимакаи дон кориданд.
Мавҷуди 1 гектар гандум, ки чанд рўз баъд даравида мешавад, ҳосили фаровон хоҳад дод.
Чуворимакаи дон, қаламфури булғорӣ, памидору бодиринг, полезӣ ва дигар зироати кишоварзӣ маҷмӯи маҳсулоте мебошанд, ки барзгарони хоҷагии деҳқонии "Хуршеди Ҷамшед" парвариши онро алакай шуруъ намудаву барои кишти таркорӣ низ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.