Дар Хатлон давоми панҷ моҳ беш аз нӯҳ ҳазор нафар бо кор таъмин шуд

Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят мегӯяд, аз миёни 9796 нафар, ки бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, беш аз чор ҳазорашон занон мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон зарфи панҷ моҳи охири соли равон 9 796 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, хабар медиҳад "Фараж" бо истинод ба Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
Бар хабари манбаъ, давоми ин муддат ба ниҳоди мазкур 16 179 нафар муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 14 831 кас ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуданд.

"Дар ин давра 9 796 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки аз онҳо 4 882 нафарашонро занон ташкил медиҳанд", - омадаааст дар хабарнома.

Зикр гардид, ки 984 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 234 нафар ба корҳои фардӣ ҷалб карда шуданд Илова бар ин, дар ин муддат 2372 нафар аз ҷумла 741 зн ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар панҷ моҳи соли равон ба 1818 нафар ба маблағи 1,3 млн сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Коҳиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон
Қаблан, Агентии омор аз коҳиши шумораи бекорон дар Тоҷикистон гуфт.
Ба иттилои манбаъ, шумори шаҳрвандони бекоре, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, ба охири моҳи феврали соли равон 51,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар муқоиса бо моҳи феврали соли 2022 ин рақам 5,6% коҳиш ёфтааст.