ДУШАНБЕ, 17 июн – Sputnik. Ба 39 омӯзгори Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ хонаҳои истиқоматӣ туҳфа карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти донигоҳи мазкур хабар дод.
"Бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ хобгоҳи №7-и донишгоҳ, ки дар ноҳияи Сино ҷойгир аст, баъд аз таъмири капиталӣ барои 39 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супорида шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Манбаъ афзуд, ки дар маросими супоридани хонаҳои истиқоматӣ мақомдорони ҳукмат ҳузур доштанд.
Зикр гардид, ки дар донишгоҳ мутахассисони варзида аз ҷумлаи ассистентон, муаллимони калон ва як зумра омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти таълимию методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд, ки дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ нестанд.
"Бо ин мақсад баъд аз таъмири капиталии хобгоҳ ва азнавсозии он раёсати донишгоҳ барои 39 нафар омӯзгорон ва кормандони ҷавон хонаҳои хизматӣ омода намуд", - афзуд манбаъ
Котиботи донишгоҳ қайд кард, ки ба 25 нафар фарзандони омӯзгорону кормандони донишгоҳаз номи роҳбари давлат туҳфаҳо тақдим гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки хобгоҳи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт воқеъ буда, соли 1973 дар масоҳати умумии 2542,8 метри мурабаъ сохта шуда, то оғози соли 2023 ҳамчун хобгоҳи донишҷӯӣ фаъолият намудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Мақомоти ноҳияи Кӯшониён хабар додааст, ки ба 13 нафар омӯзгорони ноҳия наздиҳавлигӣ тақдим карда буд.
Мақомот гуфта буд то охири соли 2022 беш аз 100 омӯзгори дигар соҳиби замини наздиҳавлигӣ хоҳанд шуд.
Мақомот таъкид карда буд, ки иқдоми мазкур бо мақсади беҳтар намудани вазъу шароити зиндагонии омӯзгорон, бахусус омӯзгорони ҷавон роҳандозӣ гардидааст.