Дар Данғара марди 63- сола ҳангоми чорондани чорво ҷон бохт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофии гражданӣ мегӯяд, ҷасади марди ҳалокшуда пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. КҲФ аз рух додани ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Данғара хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сокини 63 - солаи деҳаи Сари Хосори ноҳияи мазкур аснои чарондани чорво ба ҷарии 800 метр сарозер шуд.
Манбаъ меафзояд, мавсуф аснои сарозер шудан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Аз сӯи наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар ноҳияи Балҷувон барои пайдо кардани ҷасади мард гурӯҳи ихтиёриён ташкил гардид, ки онҳо зимни корҳои ҷустуҷӯи ҷасадро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хоруғ: бародар наҷот ёфту хоҳараш ғарқи об шуд
Дар робита ба ин ҳодисаи нохуш, КҲФ дигарбора аз сокинон даъват кард, ки ҳангоми дар чарогоҳҳо, хусусан дар чарогоҳҳои кӯҳӣ чарондани чорво ҳарчӣ бештар эҳтиёткор бошанд.
Қаблан ин ниҳод аз рух додани садамаи маргбори нақлиётӣ дар ВМКБ хабар дод. Мошини онҳо дар ҳудуди роҳи мошингарди ноҳияи Рӯшон ба дарёи Панҷ сарозер шуд, ки дар натиҷа хоҳар ҷон бохту бародари ӯ тавонист аз об берун ояд.