Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия ба яке аз марказҳои тасмимгирии нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарба зад

Нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо як зарбаи гурӯҳӣ ба яке аз марказҳои тасмимгирии нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарба заданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Артиши Русия ба яке аз марказҳои тасмимгириҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина бомуваффақият зарба зад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
"Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба яке аз марказҳои тасмимгириҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо аслиҳаи дақиқи дурпарвози дарёӣ ва ҳавоӣ ҳамлаи гурӯҳӣ анҷом доданд. Ҳадафи ин ҳамла амалӣ шуд. Ба объекти таъиншуда зарба зад", - гуфта мешувад дар гузориши вазорат.
Ҳадаф маҳз чӣ буд, Вазорати мудофиа ифшо накард.
Қаблан, Владимир Путин гуфт, ки ҳамлаи Украина оғоз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои украинӣ дар ҳеҷ як минтақаи ҷангӣ ба ҳадафҳои худ нарасидаанд.
Владимир Путин қайд кард, ки дар рӯзҳои охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина талафоти зиёд дидаанд, ки аз рақами "классикӣ" зиёдтар аст.
Путин: Киев дар ҳамлаи ҷавобиаш шонсе ҳам надорад
"Дар мавриди он, ки ҳамлаи ҷавобӣ дар бунбаст мондааст ё на, метавон гуфт, ки ҳама талошҳои ҳуҷум то кунун ноком шуданд. Аммо иқтидори ҳамлаии нерӯҳои низомии Киев то ҳол боқӣ мемонад", - изҳор дошт ӯ.
Вай инчунин таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки талафоти нерӯҳои низомии Киев аз таносуби се ба як ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар аст.