Дар Тоҷикиситон се нафар ғарқ шуданд

КҲФ мегӯяд, аз се нафари дар канал ғарқшуда, ду тани онҳо ноболиғон буданд, ки аз беэҳтиёти волидон ҷон аз даст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як шабонарӯз якбора се нафар ғарқи об шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ду ҳолати ғарқшавӣ дар вилояти Хатлон сурат гирифт.
"Кӯдаки 10-солаи деҳаи Лолазори ноҳияи Данғара ҳангоми оббозӣ дар канали “Оби Тоҳир” ғарқ шуда ҷон бохт", - омадааст дар хабари КҲФ.
Ҳамзамон навраси 18 - сола аз деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ёвон бинобар оббозӣ кардан дар ҷои мамнуи канали байнидеҳа зери об рафт.
КҲФ мегӯяд, ҷасади ҳар ду ғарқшуда аз сӯи наҷотбахшон ва сокинони Хатлон пайдо ва ба наздикони онҳо супурда шуд.
Ҳодисаи саввуми нохуш дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд. Дар ин минтақа кӯдаки 7 - сола, сокини шаҳри Панҷакент дар канали "Туксанкорез" бинобар дур мондан аз назорати волидон ғарқ шуда, ҷон бохт. Ҷасади ин кӯдакро сокинони маҳаллӣ пайдо намуда ба мақомоти дахлдор супурданд.
КҲФ ҷасади ҷавони 26-соларо, ки шаш рӯз боз ҷустуҷӯ мешуд, пайдо кард
КҲФ тавзеҳ дод, ки то 16 июни соли ҷорӣ дар обҳои кишвар 62 нафар ғарқ шуданд., ки 35 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.
Қаблан ин ҳод аз пайдо кардани ҷасади ҷавони 26 - сола хабар дод, ки дар рӯди Варзоб ғарқ шуд ва кофтукови ҷасади ӯ шаш рӯз идома кард.