Сироҷиддин Муҳриддин ба Минск меравад: Чаро?

Вазири хориҷаи Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви СААД ба пойтахти Белорус меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 20 июн дар нишасти Шӯрои вазирони кишварҳои узви СААД, ки дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар дод.

"Рӯзи 20 июн дар Минск вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат хоҳад кард", - гуфт Шоҳин Самадӣ.

Бояд қайд кард, ки соли равон раисии СААД-ро ҷумҳурии Беларус бар ӯҳда дорад.
Баҳси ҳамкории корхонаҳои ҳарбии кишварҳои узви СААД дар Душанбе
Дар назар аст, ки дар пайи ҷаласа як қатор санадҳои муштарак тасвиб шаванд.
СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.
Кишварҳои узв дар самти таъмини амнияти ҳамдигар ҳамкорӣ доранд. Ахиран тағйироти ҷадид ба оинномаи СААД ворид шуд, ки тибқи он аъзои созмон, аз ҷумла дар соҳаи амнияти биологӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.