ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Владимир Путин, кишвардори Русия зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург аз афзоиш ёфтани тиҷорат бо кишварҳои дӯст хабар дод.
"Тиҷорат бо кишварҳое, ки ба фишорҳои шадид аҳамият намедиҳанд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст", - изҳор дошт роҳбари Русия.
Дар идома Владимир Путин гуфт, Русия аз рақобат бо ширкатҳои хориҷӣ наметарсад, аммо ҳангоми дубора бозгашти онҳо, вижагиҳои рафтори онҳоро ба назар мегирад.
"Мо дарҳоро ба рӯи касе намебандем. Албатта, ҳеҷ кас аз рақобат наметарсад, чунон ки медонед, ин муҳаррики пешрафт ва тиҷорат аст. Мо барои онҳо дар Русия шароити заруриро фароҳам меорем, аммо рафтори онҳоро дар оянда барои худ муайян мекунем", - гуфт Путин.
Қаблан, Михаил Мишустин, сарвазири Русия изҳор дошт, ки ин кишвар шарики асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст ва соли гузашта гардиши мол ба 1,5 млрд рубл расид.
"Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш ёфта, ширкатҳои ватанӣ дар бахши энержӣ, иқтисодиёти рақамӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва як қатор бахшҳои дигар фаъол кор мекунанд", - гуфта буд сарвазири Русия.
Вай қайд кард, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки ба афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоя ва роҳандозии лоиҳаҳои нави муштараки ҳамкорӣ мусоидат мекунад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Аз ин пеш Мишустин гуфта буд, ки Русия тиҷорат бо Тоҷикистонро содатар мекунад.