ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раҳбарони Фаронса ва Олмон Эммануэл Макрон ва Олаф Шолтс изҳор доштанд, ки нақшаи гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путинро дорад, ба эҳтимоли зиёд нияти фарзиявиро баён мекунанд. Дар ин бора "РИА Новости бо истинод ба Дмитрий Песков сухангӯи кишвардори русия хабар дод.
...ҳам ҷаноби Шолтс ва ҳам ҷаноби Макрон борҳо дар ин бора изҳор доштаанд. Албатта, сухан бештар дар бораи нияти фарзия меравад", - гуфт Песков.
Дар посух ба ин суол, ки оё Владимир Путин нақша дорад бо Олаф Шолтс гуфтугӯ кунад, Песков посух дод, ки раҳбарони кишварҳо бояд ҳатто дар душвортарин замонҳо бо ҳам муошират кунанд.
"Мулоқот бо ҳамдигар сарфи назар аз мулкилтарин вазъ ин як кори комилан муътадили муносибатхои байналхалқӣ мебошад. Ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам алоқаи роҳбарони давлатҳо кори муътадил аст", - тавзеҳ дод Песков.
Ба гуфтаи ӯ, хуб мебуд, агар муошират бо Шолтс барои фаҳмидани мавқеъи Русия аз манбаи ибтидоӣ сурат гирад ва шояд, ҳадди аққал як сония, ин ба Берлин имкон медиҳад, то вазъиятро хубтар дарк кунад.
Қаблан, намояндаи расмии Кремл се далелро номбар кард, ки Украина бо такя ба онҳо аз ҳалли мусолиматомези низоъ дар қаламраваш сарпечӣ мекунад.
"A - хоҳиш надоштани режим, В - омода набудани режим, В - иҷозат надодан ба режим аз ҷониби пуштибонҳои режим, бе шубҳа метавон бе шеваҳои дипломатӣ инро баён дошт", - таъкид намуд ӯ.