ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Барои паҳн ва оммавӣ кардани забони русӣ дар макотиби кишварҳои ИДМ пешниҳод шудааст, ки мутахассисон аз Осиёи Марказиро дар Русия омода намоянд.
Казбек Тайсаев бо чунин ташаббус дар Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури корҳои ИДМ иброз кардааст.
Ӯ нақл кард, ки ҳоло лоиҳаи "Муаллими мактаб" таҳия мешавад.
Мақсад аз ин идея омода кардани омӯзгорони соҳибихтисос мебошад, ки забони русӣ дарс медиҳанд.
"Дар доираи лоиҳа ҷалби донишҷӯёни кишварҳои ИДМ барои гирифтани ихтисоси омӯзгор бо шарти бозгашти минбаъдаи онҳо ба кишварҳои худ барои таълими забони русӣ дар назар аст", - шарҳ дод вакил.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳисоби Русия ба таълими забони русӣ кадрҳои маҳаллиро бояд ҳавасманд кард.
Қаблан дар Русия пешниҳод карда шуд, ки ба кӯдакони муҳоҷир забони русиро ройгон дарс диҳанд.
Дар ин бора роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, кӯдаке, ки забони русиро намедонад, наметавонад ба мактаб равад.
"Ӯ бояд дар курсҳои махсус забони русиро омӯзад. Ба мо курсҳо лозим аст, ба омӯзгорон маош диҳем. Ба пули кӣ? Ба пули худамон, ба пули буҷет. Агар муҳоҷирони фарзанддорро даъват мекунем, бояд барои ин кор пардохт намоем", - таъкид кард ӯ.
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башар инчунин бори дигар пешниҳод кард, ки дар бораи ҷорӣ кардани квота барои муҳоҷирон дар мактабҳо андеша карда шавад, зеро ба гуфтаи омӯзгорон, агар дар синф зиёда аз 20% шаҳрвандони хориҷӣ бошанд ин равандметавонад ба таълим осеб хоҳанд расонад.