Дар Душанбе масъалаи сохтмони метро дар ҳоли баррасӣ аст

Мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ имкони бунёди метро дар пойтахтро баррасӣ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Тоҷикистон роҳҳои мухталифи бунёди метро дар пойтахтро баррасӣ дорад.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд, муҳандисон ҳамроҳ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ хусусияти ноҳамвории Душанберо меомӯзанд.
Коршиносон бояд тасмим бигиранд, ки сокинони Душанбе ба ин навъи нақлиёт ниёз доранд ё на?
Шароити муҳандисию геологӣ низ санҷида мешавад, ки дар асоси он дар бораи чӣ тавр гузоштани хатҳои метрополитен — тариқи туннелҳо, ё рӯи замин ё инки дар эстакадаҳо қарор қабул карда мешавад.
Дастури Раҳмон барои тезондани масъалаи метро дар Душанбе ва дархости вазир
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2022 миёни Вазорати нақлиёт ва Ширкати миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея дар бораи бунёди метро дар Душанбе ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Баъд хабар дода шуд, ки хати аввал рӯи заминӣ хоҳад буд ва дарвозаи ҷанубии шаҳрро бо майдони цирк мепайвандад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаеро, ки дар “ГИПРОГОР”-и Маскав амалӣ шуда буд, тасдиқ карда буд.
Дар ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст, ки трамвайи босуръат аз зери замин ва қад-қади эстакада мегузарад.
Ҳамчунин, коршиносони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки дар соҳили рӯдхонаи Душанбинка як роҳи оҳан сохта шавад, ки ҷанубу шимоли пойтахтро ба ҳам пайвандад.