Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳонконг мусовӣ анҷомид

Федератсияи футбол мегӯяд, бозии навбатии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Ҳонконг рӯзи 19 июн дар варзишгоҳи Турсунзода баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Ҳонконг бозии дӯстона анҷом дод.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Ба маълумоти манбаъ. вохӯрӣ дар варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Мубин Эргашев бозӣ бо тими Ҳонконгро мусовӣ 1:1 анҷом доданд.
"Ҳисобро дар дақиқаи 67-ум Шуҳрат Элмуродов боз кард. Мунтахаби Ҳонгконг тавонист дар дақиқаҳои иловагӣ аз бохт наҷот ёбад. Слэттери Мэттю Люк ба задани гол мушарраф шуд", - омадааст дар хабари ФФТ.
Манбаъ афзуд, рӯзи 19 июн тимҳои олимпии Тоҷикистон ва Ҳонгконг дар варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода бозии дӯстонаи дуюмро баргузор мекунанд. ин вохӯрӣ соати 17:30 дақиқаи ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи I бо дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ бозӣ хоҳад кард.
Дастаи олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бо кӣ бозӣ мекунад?
Гуфта мешавад, мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи I аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим шуданд. Ғолибон ва инчунин 4 дастаи беҳтарин дар байни ҷойҳои дуюм соҳиби роҳхатҳо ба финали Ҷоми Осиё-2024 мегарданд.
Интизор меравад, ки он соли 2024 дар Қатар баргузор шавад.