ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ахиран вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич ва Зафарободи вилояти Суғд шинос шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни боздид вазири тандурустиро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои болозикр ҳамроҳӣ намуданд.
Таъкид шудааст, ки вазир ва роҳбарияти мақомот ноҳияҳои болозикр бо рафти хизматрасонии тиббии шуъбаҳои беморхонаҳои марказии онҳо шинос шуданд.
Вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки дар солҳои ахир вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои мазкур давоми солҳои охир беҳтар гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ дар ин ҷо хеле беҳтар шудааст.
Зикр шудааст, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи роҳбарият ва кормандони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои мазкурро ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷалб намуда, баҳри рафъи мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.