Нияти тоҷирони Чин барои сохтмони корхонаи пусту пашм ва меваю сабзавот дар Хатлон

Мақомоти Хатлон мегяд соҳибкорони Чин барои бунёди корхонаи коркарди пусту пашм ва меваю сабзавот дар вилоят алоқамандӣ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон бо ҷалби сармояи Чин дар мулоқоти Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо гурӯҳи соҳибкорон ва сармоягузорони Чин баррасӣ гардид.
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон, ҳадафи асосии ин вохӯрӣ бунёди корхонаҳои саноатӣ дар миқёси вилоят мебошад.
Раиси вилояти Хатлон дар дидор бо соҳибколрони Чин гуфт, Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 36% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад ва 60% маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят истеҳсол мегардад.
Таъсиси "Маркази омӯзиши Тоҷикистон" дар Чин
Қайд карда шуд, ки дар вилоят корхонаҳои саноатии истеҳсоли семент ва сафолакҳои ороишӣ фаъолият дошта, дар таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори холӣ мусоидат менамоянд.
Соҳибкорон ва сармоягузорони Чин барои бунёди корхонаи коркарди пусту пашм ва меваю сабзавот ибрози назар намуд.
Дар рафти вохӯрӣ барои таҳрезӣ намудани нақшаи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон андешаҳо баён гардид.