Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкориҳо дар бахши алюминий ва логистикиро тақвият мебахшанд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ахиран дар чорчуби сафар ба Озарбойҷон аз паркҳои саноатии ин кишвар боздид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шерали Кабир дар чорчуби сафар ба Боку бо Раиси раёсати Агентии тараққиёти минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон Илшод Нуриев дидору гуфтугу кард.
Дар ҷараёни ин дидор ба вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иттилоъоти муртабит бо паркҳо ва ноҳияҳои фаъоли санати ва шароити тарҷиҳи барои корофаринон ироа шуд.
Вазири саноати Тоҷикистон дар чорчуби ин боздид бо фаъолияти паркҳои саноати аз ҷумла маҳсулоти парки санатии кимёи Сумқоит ва раванди тавлид дар корхонаи лулаи фулоди “Озартехноонлайн” ошно шуд.
“Роҳи Сталин”: Шералӣ Кабир дар бораи мафкураи истеҳсолӣ
Бар асоси суханони вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Боку аҳамияти зиёди қоил аст ва аз фурсатҳои зиёди барои густариши ҳамкориҳо дар бахши саноати аз тариқи фароварии маҳсулоти кишоварзи бархурдор аст.
Инчунин вазири саноат Тоҷикистон бо Раиси раёсати Агентии тараққиёти минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон аз вазъи кунунии равобити иқтисодии ду кишвар, истифодаи таҷрибаи Озарбойҷон дар бунёди паркҳои саноатӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноати алюминий ва логистикӣ баррасӣ кард.