Корманди гумруки Тоҷикистон беҳтари мутахассис дар ИДМ дониста шуд

Мутахассиси тоҷик бо дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи беҳтарин корманди гумруки ИДМ сарфароз гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон Парвиз Тағоев барандаи озмуни байналмилалии “Мутахассиси беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023” гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар хабар додааст.
Тағоев аз рӯи номинатсия корманди давлатӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сазовори ҷои аввал гардид.
Гуфта мешавад, ки ӯ бо дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома мукофотонида шудааст.
1 / 2
Парвиз Тагоев стал победителем международного конкурса "Лучший специалист СНГ 2023"
2 / 2
Парвиз Тагоев стал победителем международного конкурса "Лучший специалист СНГ 2023"
Манбаъ таъкид кард, ки ин озмун дар доираи Иттиҳод аз рӯи 21 номинатсия баргузор шудааст.
Чорабинии мазкурро Вазорати маорифи Қазоқистон ҳамроҳ бо Анҷумани Ҷунбиши умумимиллии "Бобек" ташкил намудааст.
Қаблан ғолиби озмуни "Беҳтарин донишҷӯи ИДМ – 2023" донишҷӯи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон Додхудо Шарифзода дониста шуд.
ИДМ аз рӯи шумораи шартномаҳои бо асъори миллӣ басташуда бо Русия пешсаф аст
Маълум аст, ки ҳоло ҷавони тоҷик дар ихтисоси "сиёсат ва ҳукумат" таҳсил мекунад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло донишҷӯи беҳтарин дар баробари хондан бо ҷавонон кор мекунад ва дар пойтахт ба корҳои ҷамъиятӣ машғул аст.