ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Селобҳои шадиди рӯзи 13 июн қаламрави Тоҷикистон дар пайи қурбонӣ доштааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар рустои Росровут, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд боришоти шадид ба амал омад, ки дар натиҷа таҳхонаҳои хонаҳои сокинони маҳаллӣ қисман зери об монда, деворҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи ин деҳа фурӯ рехтаанд.
Кумита таъкид кардааст, ки як сокини маҳаллӣ дар зери харобаҳои иншоот мандаву ҷон бохт.
Гуфта мешавад, ки дар як қатор манотиқи кишвар корҳои безараргардонии оқибатҳои ин ҳодиса идома дошта, ба аҳолӣ кумак расонида мешавад.
Илова бар ин, кормандони хадамоти зидди жола барои безарар гардонидани жола бо мақсади ҳифзи растаниҳои кишоварзӣ аз жола корҳои безараргардонӣ анҷом доданд.
Бо кумаки 42 гулулаи навъи "Алазан" абрҳои хатарноки раъду барқ дар манотиқи шаҳри Ваҳдат, навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон безарар гардонида шуданд.
Қаблан Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки дар баъзе навоҳии кӯҳистонӣ ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст.
Ба иттилои ин ниҳод чунин ҳаводис аз 14 то 15 июни соли 2023 пешгӯӣ мешавад.
Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел дар назар аст. Оҷонсӣ сабаби ин амрро боло рафтани сатҳи об дар ҳавзаҳои рӯдхонаҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон унвон кардааст.