ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд нархи гази моеъ арзонтар шудааст.
Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд қимати ин навъи сӯзишвориро аз 20 то 30 дирам нисбат ба рӯзи қаблӣ поинтар мефурӯшанд.
Бино ба гуфтаи кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ коҳишёбии қимати газ сар аз рӯзи гузашта 13 июн мушоҳида мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Sugdnews”.
Дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҳоли ҳозир як литр гази моеъ бо нархи 3,80-3,90 сомонӣ нишон дода мешавад.
Дар ҳоле, ки як рӯз пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ 4-4,10 сомониро ташкил медод.
Зимнан арзиши бензини АИ 92 – 9, 00 сомонӣ, АИ 95 – 9, 30 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 10, 50 сомонӣ аст.
Гази моеъ дар муқоиса ба бензин ва дизел як навъи нисбатан арзони маводи сӯхт гуфта мешавад ва ба ҳамин далел бештари худравҳо дар Тоҷикистон тавассути он ҳаракат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе оморҳо, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.