ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Амнияти Русияро танҳо як минтақаи ғайринизомишуда таъмин карда метавонад, ки сарҳади он дар ҳудуди Лвови Украина мегузарад.
Дар ин бора Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев изҳор доштааст.
Медведев суханони раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро дар бораи зарурати таъсиси як минтақаи санитарӣ дар Украина бо чунин, ба қавли ӯ, “фикри субҳи хайр” шарҳ дод.
Тавре муовини раиси Шӯрои Амният тавзеҳ дод, бо назардошти он ки кишварҳои ғарбӣ режими Киевро бо аслиҳаи дурпарвози ҳарчи бештар таъмин мекунанд, танҳо хатте, ки дар марзи Лвов мегузарад (Лемберги Лаҳистон, шарҳ дод Медведев) метавонад нақши воқеии муҳофизатӣ бозад.
"Он гоҳ инҳо сарҳадҳои нави бехатари кишвари хоҳанд буд, ки қаблан "кишвари 404"-ум мегуфтанд", - хулоса кард сиёсатмадор.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.