Мақомоти Хатлон талош дорад сокинони бекорро ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб намояд

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, онҳо барои таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор талошҳо доранд ва дар ин самт корҳои мушаххас анҷом додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамзамон ҷаласаи Комиссияи байни идоравии танзими равандҳои муҳоҷирати вилояти Хатлон масълаи шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон баррась шуд.
Дар ин ҷаласа сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон баромад намуда афзуд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи мақомотҳои Агентии меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 35 маротиба корҳои муздноки ҷамъиятӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабиниҳо 984 нафар шаҳрвандони бекор, ки дар қайди мақомоти шуғли аҳолӣ буданд иштирок намуданд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз 984 нафар 425 нафараш занон мебошанд.
Хатлон аз Русия хост, геологҳои бештари тоҷикро омода созад
Асосан корҳои муздноки ҷамъиятӣ барои беҳтар намудани вазъи экологӣ аз ҷумла тоза намудани минтақа, кабудизоркӯнӣ ва ободонии ҳудуд, барқарорсозии обектҳои манзилию комуналиро дар бар мегиранд.
Дар идомаи кори ҷаласа он камбудиву норасоиҳои дар самти мақомотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷойдошта мавриди таҳлилу барраси қарор гирифт.
Муовини раиси вилояти Хатлон ба масъулин дастуру супоришҳои қатъи додааст.