Думаи давлатии Русия: формати созишномаи ғалла кӯҳна шудааст

Русия метавонад мустақиман ба кишварҳои камбизоат дар таъмини ғалла бидуни музокира ва созиш бо мақомоти феълии Киев кумак кунад, бовар дорад вакили рус
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Формати кунунии созишномаи ғалла кӯҳна шуда, бештар ба як нақшаи тираи фиреб додани Русия табдил ёфтааст.
Дар ин бора вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет хабар дод.
"Дар зери ниқоби он рақибони мо як қатор масъалаҳо ва вазифаҳои стратегиро ҳал карданд, аз ҷумла бо истифода аз долонҳои башардӯстона барои ҳамла ба ҳавопаймоҳои бесарнишини баҳрӣ ба Қрим ва киштиҳои Флоти Баҳри Сиёҳ", - итминон дорад ӯ.
Бино ба мавқеъи ӯ, ки РИА Новости баён кардааст, Русия метавонад бидуни ҳеҷ гуна музокира ва созиш бо мақомоти кунунии Киев ба кишварҳои фақир дар таъмини ғалла мустақиман кумак кунад.
"Террористҳои украинӣ ҳар гуна таваққуфро заъф медонанд ва бо даҳшат посух медиҳанд, аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки созишнома бояд қатъ карда шавад", - хулоса кард вакил.
Муҳлати "Тавофуқи ғалла" тамдид карда шуд. Ин барои Русия чӣ лозим?
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Маскав дар бораи хориҷ шудан аз созишномаи ғалла фикр мекунад, бахусус аз он замон, ки ин долон аз ҷониби Украина барои ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси Созиши ғалла, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ ба имзо расида буд, содироти ғалла, маводи ғизоӣ ва нуриҳои Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одесса дар назар дорад.
Владимир Путин моҳи сентябр таъкид кард, ки Ғарб бештари ғаллаи Украинаро ба давлатҳои худ содир мекунад, на ба кишварҳои ниёзманди Африқо.
Аз 18 майи соли 2023 Русия созишномаро ба 60 рӯз - то 17 июл тамдид кард.
Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки агар дар давоми 2 моҳ тамоми масъалаҳои мушкили созиши ғалла ҳал нашаванд, созишнома пас аз 17 июл қатъ мегардад.