Мишустин: Русия аз ҳамкориҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсояи АвруОсиё қадрдонӣ мекунад

Сарвазири Русия мегӯяд, ки барои ноил шудан ба истиқлолияти технологӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ ҳамгироии минбаъдаи давлатҳои минтақа зарур аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин гуфт, Русия ният дорад бо кишварҳои ҳамсояи АвруОсиёии худ равобити хуб дошта бошад.
"Мо муносибатҳои хуберо, ки кишварамонро бо тамоми кишварҳои дӯсти АвруОсиёи мепайвандад, қадр мекунем. Мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кунем", - гуфт ӯ.
Тавре нахуствазири Русия афзуд, кишвараш барои ба даст овардани истиқлолияти технологӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ тамоми корҳоро анҷом дод, ки барои гардиши озодонаи молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ дар ИДМ ва ИА зарур аст.
"Ҳамаи шарикони мо ба тавсеаи ҳамгироии минбаъда ба таври ҷиддӣ таваҷҷӯҳ доранд. Мо дар якҷоягӣ барои рушди ҳамкориҳо, татбиқи ташаббусҳои умедбахш чораҳо меандешем", - гуфт Мишустин.
Аз гузариш ба пули миллӣ то ҳавопаймосозӣ: Мишустин дар Чин чӣ гуфт?
Қаблан нахуствазир гуфта буд, ки Русия ва Тоҷикистон талош доранд, ҳамкориҳои дуҷонибаро барқарор кунанд ва онро аз таҳримҳои Ғарб ҳифз кунанд.
Ба гуфтаи вай, Русия сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро афзоиш дода, ҳамкориҳоро дар бахши энержӣ, иқтисоди рақамӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва як қатор бахшҳои дигар амиқтар хоҳад кард.