Ҷонибдории Русия аз пешниҳоди Расулзода дар бораи содироти сабзавот ба кишварҳои ИИАО

Бо ҳифзи мувозинати оқилонаи тавозуни савдо Тоҷикистону Русия метавонанд бозорро бо маҳсулоти босифат ва бо нархи дастрас таъмин намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ҳамкории наздики Тоҷикистон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар бозори кишоварзӣ ба ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ бидуни таъсири кишварҳои ғайридӯст мусоидат мекунад.
Дар ин бора мушовири собиқи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ ва муассиси гурӯҳи расонаҳои "Крестянскийе ведомости" Игор Абакумов изҳор дошт.
"Дар (Русия) бинобар шароити иқлим, нархи сабзавот ба таври анъанавӣ боло меравад. Аз ин рӯ, картошкаи барвақтӣ аз Тоҷикистон метавонад бо картошкаи мисрӣ, марокашӣ ва ғайра рақобат кунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Абакумов, бо нигоҳ доштани тавозуни савдои оқилона тиҷорат, имкон хоҳад дод бозорро бо маҳсулоти босифат ва бо нархи дастрас таъмин намоянд.
Хатлон заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ даровард
Илова бар ин, ҳамкорӣ бо кишварҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.
"Иттиҳоди иқтисодӣ як қаламрави васеъро ишғол мекунад, аз ин рӯ, дар сурати ноком шудани ҷамоварии гандум дар як кишвар, онро метавон зуд аз кишвари дигар интиқол диҳем", - шарҳ дод коршинос.
Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё даъват карда буд, ки бо ин ҷумҳурӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат ва гидроэнергетика ҳамкории наздик кунанд.
"Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ҳиссаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар соли гузашта 42%-ро ташкил дод", - гуфт сарвазир.