Ҳавошиносони тоҷик аз рӯзҳои номусоид ҳушдор медиҳанд

Обуҳавошиносон ба сокинони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ба шароити душвори обу ҳаво омода шаванд - тӯфони ғубор ба минтақаҳои алоҳида наздик мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳаво тағйир меёбад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳаимн тариқ, рӯзҳои 13 ва 14 июн ифлосшавии ҳаво хеле баланд мешавад. Ин рӯзҳо бебориш пешбинӣ нашудааст, танҳо дар баъзе ноҳияҳо шамол мевазад.
Чунин вазъият дар навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, манотиқи шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, НТМ ва шахри Душанбе ба амал меояд.
Ба иттилои манбаъ, тайи ин муддат дар ҳаво мавҷудияти моддаҳои овезон мушоҳида мешавад, яъне зарраҳои хок, ки андозаашон аз 2,5 то 10 микрон аст.
Чӣ гуна метавон худро аз гармои шадид наҷот дод? Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ
Ба шаҳрвандон тавсия карда мешавад, ки аз сайру гаштҳои дуру дароз дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои серодам худдорӣ кунанд, инчунин ба корҳои саҳро роҳ надиҳанд.
Ҳамчунин Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳушдор додааст, ки аз 13 то 15 июн бинобар баланд шудани ҳарорати ҳавои атмосфера дар шохобҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон болоравии сатҳи об дар назар аст.
Дар ВМКБ ҳаво рӯзона дар баъзе ҷойҳо то 32-34 дараҷа ва дар вилояти Суғд то 38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хатлону Душанбе гаром то 40 дараҷа, дар НТҶ то 39 дараҷа мерасад.