Дузах дар рӯи замин: видеои ҷолиб аз вулқони фаъоли ҷаҳон - видео

Оташи вулқони Килауэа дар Ҳавай, ки яке аз ҷавонтарин ва фаъолтарин вулқонҳои рӯи замин аст, хомуш намешавад. Видеои ҷоли аз ин вулқон
Sputnik
Бедоршавии вулқони Килауэа, ки дар Боғи миллии вулқони Ҳавайӣ воқеъ аст, як ҳафта пеш, субҳи барвақти 7 июн оғоз шуд, зилзилашиносон бедоршавии вулқонро дурбинҳои болои вулқон сабт карданд.
Наворҳои оташфишони нашр шудаанд. Бино ба иттилоъи Идораи геологии Амрико, бо вуҷуди идомаи хуруҷи оташ ва лава аз даҳони вулқон, ба манотиқи атроф хатаре эҷод намекардааст, ҳарчанд тамоми чораҳои эҳтимолии амниятӣ аллакай андешида шудаанд.
Ню-Йоркро пас аз сӯхтор дар Канада дуд фаро гирифт
Мутахассисон, ки оташи вулқони Ҳавайро назорат мекунанд, мегӯянд, фаъолияти асосии вулқон мутамарказ шудааст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки тарқишҳои пояи кратер, ки дар он лаваҳо ба вуҷуд меоянд, дар дохили он ҳаракат мекунанд. Ба гуфтаи олимон, ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки ин оташ боиси вайроншавӣ ва ҷараёнҳои лава мегардад, ки ба шаҳракҳои воқеъ дар водӣ ва сокинони онҳо таҳдид мекунад.
Ба сайёҳон тавсеа дода шудааст, ки таркишро дар масофаи бехатар мушоҳида кунанд.
Килауэа яке аз ҷавонтарин ва фаъолтарин вулқонҳои фаъол дар рӯи замин аст.