Бештари либосҳои “Секонд-хенд”-и Қазоқистонро Тоҷикистон мехарад

Нархи як тонна либоси истифодашуда аз Қазоқистон, ки дар мағозаҳои “Секонд-хенд” фурӯхта мешавад, соли гузашта ҳамагӣ 45 долларро ташкил медод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи даромади давлатии Вазорати молияи Қазоқистон ин кишвар содироти секонд-хендро дар се соли ахир беш аз 60 баробар афзоиш додааст.
Тавре сомонаи Finprom хабар додааст, либосҳои дасти дуюми Қазоқистон ба 37 кишвари хориҷӣ содирот мешаванд.
Либосҳои истифодашуда ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо, инчунин ба ИМА, Австралия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ фиристода мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ 98,3% тамоми содироти либоси дасти дуюм аз Қазоқистон ба Тоҷикистон рост меояд.
Аз либос то пулу ширинӣ: Ҳадияи наврӯзии Раҳмон ба ятимон дар шаҳри Гулистон
Соли гузашта аз ҳаҷми умумии 51,8 ҳазор тонна либоси дасти дуюм 50,9 ҳазор тоннааш ба Тоҷикистон содирот шудааст.
Тибқи омори Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Қазоқистон, дар солҳои қаблӣ бештари содироти колои дасти дуюми Қазоқистон низ ба Тоҷикистон рост меояд.
"Тибқи гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, дар Тоҷикистон секонд-хенд ин таҳхона бо бӯи хос нест. Дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ мағозаҳо махсус ва ҳатто марказҳои савдои махсус ба фурӯши либосҳои кӯҳна машғул ҳастанд", таъкид кардааст Finprom.