ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон иди Сабантуи тоториву бошқирдӣ таҷлил шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии "Россотрудничество", ҷашни бостонии анҷоми корҳои баҳории саҳроӣ дар Тоҷикистон, дар ҳудуди минтақаи фароғатии "Харангон" дар канори шаҳри Душанбе таҷлил шуд.
Ба ид аз бисёр шаҳрҳои кишвар, аз ҷумла Бохтар, Данғара, Норак, Ҳисор ва Ваҳдат ҳамватанон ҷамъ омаданд, афзуд манбаъ.
Дар баробари ин иштирокчиёни лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" ва кормандони сафорати Русия ҳузур доштанд.
Мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов ҳозиринро бо Сабантӯй табрик гуфта, қайд кард, ки ин ҷашн рамзи мустаҳкамии дӯстии халқҳо ва садоқат ба анъанаҳои чандинасра мебошад.
"Мо онро дар остонаи ҷашни бузург - Рӯзи Русия ҷашн мегирем. Ин рӯзест, ки мо аз таърихи Ватани бузурги худ, фарҳангҳои худ ёдовар мешавем, ба аҷдодони худ арҷ мегузорем ва ба оянда умед мебандем", - таъкид кард ӯ.
Шамсутдинов афзуд, Русия бо он машҳур аст, ки дар сарзамини он садҳо миллатҳо осоишта ва созанда зиндагӣ мекунанд.️
Дар мусобиқоти Сабантуй ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон ширкат доштанд. Дар давидан дар халта, бо тухм дар қошуқ, бо юғ, куштӣ зӯрозмоӣ карданд. Меҳмони вижаи ҷашн сароянд аз Қазон Албина Мусина буд, ки сурудҳои тоториро иҷро кард.
Маврид ба зикр аст, ки Сабантӯй ба истилоҳ ҷашни юғу испор мебошад, ки миёни бисёре аз халқиятҳои туркӣ ҳамчун рӯзи анҷоми киштукори баҳорӣ таҷлил мешавад.