Силвио Берлусконӣ даргузашт

Марг Берлускониро дар як муассисаи тиббии Милан дарёфт кард, ки бори дигар бо сабаби бад будани вазъи саломатиаш дар он ҷо таҳти назорати табибон буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Силвио Берлусконӣ, нахуствазири собиқи Италия дар синни 86-солагӣ даргузашт.
Ӯ дар бемористони "Сан-Раффаэле"-и Милан фавтид, ки дар он ҷо аз сабаби бад будани саломатӣ табобат мегирифт.
Муддатҳои охир ин бори аввал нест, ки сиёсатмадор дар бемористон табобат ё муоина мешавад.
Берлусконӣ чаҳор бор дар мақоми нахуствазир кор кардааст, ки будани ӯ дар ин мақом дар ҷумҳурии Итолиё сабти рекордист.
Даргузашти Саттор Турсун, нависандаи шинохта ва аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон
Вай дар моҳи январи соли 1994 аввалин ҳизби худ бо номи "Ба пеш Италия!"-ро таъсис дод ва инчунин, сиёсатмадор аввалин миллиардерест, ки ҳукумати як давлати Аврупоро сарварӣ мекунад.
Берлускони аз соли 1986 то 2016 соҳиби тими пуровозаи “Милан” буд ва моҳи сентябри соли 2018 дастаи "Монтсу"-ро ба даст овард.