Ҳерш: Аксарияти аҳолии ҷаҳон амалиёти вижаи Русияро ҷонибдорӣ мекунанд

Ҳамлаи ҷавобии Украина, ки шурӯъ шудааст, ҳам барои худи он ва ҳам барои Иёлоти Муттаҳида бо маъмурияти Ҷо Байден ва блоки НАТО оқибатҳои манфӣ хоҳад дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Аксари аҳолии ҷаҳон аз амалиёти вижаи Русия дар Украина пуштибонӣ мекунанд, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида, баръакс, эътимод ба худро гум кардааст.
Дар ин бора Сеймур Ҳерш, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ ва барандаи ҷоизаи Пулитсер изҳор дошт.
"Теъдоди кишварҳое, ба хусус дар Африқо ва Осиё, ки аз пуштибонии амрикоиҳо даст кашидаанд ва ба Русия тарафдорӣ кардаанд, хеле зиёд аст. Ба таври қобили мулоҳиза беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон аз Русия дар ҷангаш пуштибонӣ мекунанд",- гуфт Ҳерш дар пахши барномаи муаллифии сиёсатмадор ва рӯзноманигори бритониёӣ Ҷорҷ Галлоуэй дар шарҳи ҳамлаи оғозшудаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина.
Ба гуфтаи ӯ, дар пасманзари таҳримҳое, ки бо оғози амалиёти вижа ҷорӣ шуданд, "кор дар Русия он қадар хуб нест". "Аммо ин тасаввур, ки вай дар ноумедӣ аст, иштибоҳ аст",- гуфт хабарнигори маъруф.
Ӯ бо боварӣ изҳор дошт, ки ИМА, баръакс, "боварии ҷаҳонро ба худ гум кардааст".
Ҳерш ба унвони мисол наздикшавии дипломатии Арабистони Саудӣ ва Эронро мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ, аллакай аз тағйироти ҷиддии худ дарак медиҳад.
"Ин, ба назари ман, ба сабаби Украина рух дод, дар омади гап, Арабистони Саудӣ чоряки нафти худро ба Чин мефурӯшад. Саудӣ дарҳол бо коҳиши истихроҷи нафт посух дод ва Эрон дар посух ба ин ба Ҳусиҳо, ки дар Яман нуфузи қавӣ доранд, таъсир расонид. Дар натиҷа, мо шартномае ба даст овардем, ки худамон ҳеҷ гоҳ ба даст оварда наметавонистем. Ҳамин тавр, мавқе моро танг мекунанд",- иқрор шуд Ҳерш.
Дар ҳамин мусоҳиба Ҳерш ҳушдор дод, ки ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки шурӯъ шудааст, ҳам барои худи Украина ва ҳам барои Иёлоти Муттаҳида бо маъмурияти Ҷо Байден ва блоки НАТО оқибатҳои манфӣ хоҳад дошт.